Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён шаби 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00 ба хонаи падарарусаш омада, бо ҳамсараш, ҷавонзани 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои муҳими бадани охирон зада, сипас бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои бадани худаш зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика