Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва Ишкошим

Рӯзи 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа ронандаи ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатмуродов Файзалӣ Файзуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Данғара ба самти ноҳияи Темурмалик аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Аламхонов Каримхон Сангибоевич, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадониро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Дар натиҷа пиёдагард Аламхонов К.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Давлатмуродов Ф.Ф. дастгир карда шуд.
Мутаассифона санаи 12-уми июли соли 2020, тахминан соати 22:35-дақиқа Салимов Салим Ҷангибекович, соли таваллудаш 1971, деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат кардан бо дучарха дар маркази ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер”, ки таҳти идораи ронанда, Шафиев Хурсанд Пайшанбиевич, соли таваллудаш 1986, деҳаи Ишкишими ҳамин, тааллуқ дорад бархӯрдааст.
Дар натиҷа ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика