Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва шаҳри Ҳисор

Рӯзи 11-уми июли соли 2020, тахминан соати 4:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Хафей-Таенен” Раҳимов Сунатулло Бароталиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Гулистон, воқеъ дар наздикии хонаи истиқоматиаш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархурдааст. 

Дар натиҷа Раҳимов С,Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Мутаассифона, санаи 11-уми июли соли 2020, тахминан соатҳои 20:40-дақиқа ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Булбулчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор автомашинаи тамғаи “Газел”, ки таҳти идораи Абдуллоев Садриддин Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри мазкур, мусофири автомашинаи мазкур Ашуров Шерзод Зарифович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ҳамин шаҳри аз беэҳтиётиаш ба замин афтида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика