Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

914

Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 Ҳукумату кишвар, мақомотҳои дахлдор ва мардуми шарафманди тоҷик сарҷамъона бар зидди он мубориза мебаранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки хавфу хатари бемории сироятӣ ба пуррагӣ ба охир нарасида, баъзан аз нафарон то андозае бепарвоянду қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, ки чунин ҳолат метавонад боз ба авҷгирии бемориҳои сироятӣ созгор бошад.
Дар доираи чорабиниҳои пешгирикунандаи кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ оиди бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии он дар маҳаллаҳо, корхонаҳо, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, бозорҳо, бо ронандагони нақлётҳои мусофиркашонӣ ҳамарӯза сӯҳбатҳо гузаронида истодаанд.

915916

Ҳамзамон ба шаҳрвандони эҳтиёҷдошта ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда мешавад.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика