Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо корд захми гардидани падару писар дар заминаи муноқиша

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 7-уми июли соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Шаҳрак бо ҳамсояаш марди 54-сола ва писараш марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба шиками ҷабрдида ва 1-маротиба ба тарафи қафаси синаи чапи писараш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдидагон мувофиқи хулосаи ТСТ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика