Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ

Санаи 4-уми июли соли 2020 соати 07:45 дақиқа дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии бинои навсохтмони мактаб, воқеъ дар квартали 8-уми маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки сохтмони онро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Балх-2015» ба ӯҳда дорад, сӯхтор ба амал омад. Бо қабули хабар аз тарафи Нуқтаи маркази алоқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса чор адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунӣ ва гурӯҳи хадамоти навбатдори оташнишонии Сарраёсат сафарбар карда шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии бинои навсохтмонро дар масоҳати 20 метри мураббаъ оташ ва дуди ғализ фаро гирифта буд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии оташ ба зуддӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар муддати кӯтоҳ ба пурагӣ хомӯш карда шуд.

Бино ба иттилои коршиносони соҳа сабаби сӯхтор пошхӯрии шарораҳо ҳангоми истифодабарии асбоби барқии «Балгарка» буда, гунаҳгори ҳодиса коргари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Балх-2015» Беҳзод Қурбонов мебошад.

Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ бурда мешавад.

СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика