Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Дарвоз

163Рӯзи 2-юми июли соли 2020, тахминан соати 22:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Хова” (бетономешалка), ки ба ширкати “Чайнароуд”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой тааллуқ дошта, таҳти идораи Икромов Раҳимҷон Зокирҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Мурғоб” дар 350 км, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Панҷ” чаппа шудааст. 

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика