Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Чорабиниҳои оиди пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COYID -19 идома дорад

563

Бо мақсади пешгирии паҳншавии каронавирус COYID -19 ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар аз ҳисоби ҳайати шахсии шуъбаҳои дастгоҳи марказии РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД дар шаҳри Бохтар, намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, муассисаи кумаки авалияи тиббӣ, беморхонаи марказии шаҳрӣ, СЭС, ( маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологӣ),ёрии таъҷилӣ, мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳо, КДФ «Хоҷагии комуналӣ»-и шаҳр, КДФ « Истифодабарии таъмири иншоотҳои манзилӣ»-и шаҳр, ХХДО, бахши ҷавонон ва бахши замин, гурӯҳҳои корӣ барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии гаштугузорӣ безарурияти шаҳрвандон, риояи бечуну чарои гигиенаи шахсӣ, тамизкунӣ ва истифодаи ниқобҳо оиди ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паидоиши сирояти нави «каронавирус» таъсис дода шуда, дар бозорҳо марказҳои савдо, терминалҳо, марказҳои дилхушӣ, муасисаҳо ва ҷоиҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, маҳаллаҳо, манзилҳои истиқоматӣ барои иҷрои талаботҳои зерин сафарбар карда шудаанд.
Манбаи асосии паҳншавии беморииҳои сироятӣ ин партовҷойҳо мебошанд, ки аз ҷониби гурӯҳ ҳолати тамизкунии ин ҷойҳо санҷида ва назорат бурда мешаванд.

564565

Инчунин нақшаву чорабиниҳо дар ШВКД –и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таҳия карда шуда, ҳамарӯза гурӯҳҳои корӣ сафарбар карда мешаванд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика