Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздӣ дар ноҳияи Н. Хусрав

561

Нафароне, ки даст ба ҷиноят мезананд, на танҳо обрӯю эътибори хеш, балки муҳити иҳотакардаашонро низ паст мегардонанд. 

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав як нафар сокини ноҳияи мазкур бо гумони дуздии моликияти шаҳрвандон дастгир карда шуд.
Ҷураев Мурод соли таваллудаш 1985, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз ҳисоби меҳнати дигарон, рӯзи 4-уми июни соли ҷорӣ, аз фурсати барояш муносиб, дар ҳолати набудани соҳибони хона, истифода намуда, вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Мирзоева Шабнам, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Бешкени нохияи номбурда мегардад. Аз он ҷо як адад телевизори тамғаи «Алфстар»-ро пинҳонӣ тасарруф менамояд ва аз ҷои ҳодиса гайб мезанад, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 1 ҳазору 300-сомонӣ зарари молӣ расонида аст.

562

Хушбахтона Ҷураев М дар як муддати кӯтоҳ аз чониби кормандони милитсия дастгир када шуда, нисбаташ дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар нохияи Н.Хусрав парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика