Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусодираи 14 бех растании бангдона

559

Ҳарчанд кишту нигоҳубини зироатҳои дорои моддаҳои нашъадор амали ғайриқонунӣ аст, мутассифона баъзе нафарон барои қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоӣ ва ба даст овардани даромади моддӣ дар заминхои ҳосилхез растаниҳои нашъадорро, ки кишташон манъ шудааст парвариш мекунанд. 

Дар доираи амалиёти «Кукнор 2020» кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент хангоми санҷиши ахбороти фаврӣ ва азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Тошев Набӣ Мусоевич соли таваллудаш 1961 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент кӯчаи Робеаи Балхӣ №98 дақиқ карданд, ки номбурда ба миқдори 14 бех растании намуди бангдонаро кишт ва бо нигоҳубини махсуси агротехникӣ давоми соли ҷорӣ парвариш намудааст. Гиёҳҳои дар таркибаш моддаҳои нашъадордоштаи кишташон манъшуда дар ҳолати хуби нашъунамо буда аз 1 метр то 1,70 см қад кашидаанд. Кормандони милитсия дар вақти азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии гумонбаршаванда Н. Тошев бангдонаҳои аз назарҳо пинҳон кардаи кишоварзро дарёфту решакан карданд.

560

Барои чунин амали ғайриқонунӣ нисбати гумонбаршуда бо моддаи 204 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика