Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рейди милитсия барои пешгирӣ аз талбандагиву оворагардӣ дар Хуҷанд

899

Роҳбарияти шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст маркази маъмурии вилоятро аз афроди талбандаву садақаҷӯ, ки сохтакорона худро фақиру бечора вонамуд намуда рӯзгори муфтхурона пеш мебаранд тоза намояд. Ҳамчунин шахсони майзада ва беҷои зисти доимӣ, ки зиндагии хиёбониро пеша намуда, бо рафтор ва гаштугузори беадабона маданияти шаҳрдориро халалдор месозанд мавриди корбари қарор мегиранд. Дар ин самт нозирони минтақавии милитсия сафарбар шудаанд.
Омиле ки милитсияи Хуҷандро имрӯз ба гузаронидани чорабинии ҳуқуқӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти садақаҷӯии афроди алоҳида водор намудааст, ин пайдо шудани шахсони майли талбандагӣ дошта дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди марказҳои савдою хизматрасонӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ мебошад, ки роҳрав ва саҳни даромадгоҳи назди мағоза ва марказҳои савдоро барои гадоӣ мувофиқ ҳисобида худро муҳтоҷу бечора вонамуд менамоянд.

900

Тавре милитсия иттило медиҳад раҳму дилсӯзии мардуми хайрхоҳ барои зиёд шудани шахсони садақаталаб мусоидат кардааст. Дар ҳолеки аксарияти онҳо тану ҷисми солим дошта метавонанд ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шаванд. Дар ҷараёни рейд мушоҳида мешуд, ки аксаран занҳо талабандагиро пеша кардаанд. Милитсия нафарони муайяншударо дар қайди профилактикӣ гузошта бағайар аз худи онҳо бо наздикону пайвандонашон чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ мегузаронад то ин ки пеши роҳи шуғли номуносиб гирифта шавад.
Дар ҷараёни рейд, ки ҳам шабона ва ҳам рӯзона доир гашт 20 нафар афроди талбанда зимни машғулшудан ба садақаҷӯӣ боздошт гардид. Ҳамчунин 18 нафар шахсони оворагарду беҷои зисти доимӣ, ки дар ҳудуди гулгашти «Муҷассамаи ғалаба»-и мавзеи бозори Панҷшанбе тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекарданд ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд.

901902

Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд чорабиниҳоро дар ин самт идома хоҳад дод.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика