Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусодираи Револвер бо 6 адад тир

897

Нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон сабаб шуд, ки нисбати шаҳрванд Исломов Абдулқодир Абдуҷалилович соли таваллудаш 1970 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд барои риоя накардани меъёрҳои дар моддаи 195 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад. Аз гумонбаршаванда як адад туфангчаи «Револвер» бо 6 адад тир мусодира гардид. Ин амали ғайриқонунӣ дар натиҷаи коркарди ахбороти оперативӣ аз ҷониби кормандони ШМЗГҒММ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ошкор шуд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда Абдулқодир Исломов бо мақсади истифодабари туфангчаро ба даст оварда солҳои тулонӣ онро дар манзили истиқоматии дигараш воқеъ дар минтақаи истироҳатии маҳаллаи навбунёди шаҳри Бустон пинҳон кардааст.
Қобили қайд аст, ки агар туфанкча ихтиёран супорида мешуд гумонбаршавандаро ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид намекард. Бо назардошти риоя накардани чунин муқаррароти қонунгузорӣ шаҳрванд А. Исломов аз ин меъёри сабукидиҳанда бебаҳра аст. Зеро тибқи фарзияҳои оперативӣ силоҳи мазкур чанд сол қабл дар як гуфтугузори тобиши криминалидошта истифода шудааст. Дар натиҷа он замон соҳиби туфангча, ки дар ҳолати мастӣ силоҳро истифода бурд ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад. Баъдан дар ин хусус ҳафтаи равон милитсия маълумот гирифт, ки барои ба дасти мақомот афтодани «Револвер» мусоидат кард.

898

Силоҳи мазкурро ташхиси баллистикӣ коршоям эътироф намуда хулоса додааст, ки бо роҳи косибӣ сохта шудааст. Туфангча ҳамчун силоҳи оташфишон мутобиқ карда шуда қутраш 5, 6 мм мебошад. Айни ҳол барои муайян кардани истифодашудани силоҳи оташфишон дар дигар ҷиноятҳо ташхиси ҳаммоннандкунии балистикӣ ҷараён дорад.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика