Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷинояткорон бе ҷазо намонданд

Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки ҷиҳати таъмини волоияти қонун, пешгирии қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санаи 01-уми майи соли ҷорӣ қочоқчии ашаддии маводи мухаддир Қобилов Шароф Қамурович, санаи таваллудаш 20-уми ноябри соли 1976, зода ва истиқоматкунандаи н.Рӯшон, ҷамоати деҳоти Назаршо Додхудоев, деҳаи Баррӯшон, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби 1 фарзанд, қаблан суд шудааст ва ҷинояткори махсусан хавфнок Гадомамадов Фирдавс Ёрмамадович, санаи таваллудаш 24-уми декабри соли 1976, зода ва истиқоматкунандаи н.Рӯшон, ҷамоати деҳоти Назаршо Додхудоев, деҳаи Баррӯшон, муваққатан бекор, ду маротиба суд шудааст, дастгир карда шуданд. 

Аз ҷониби Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ нисбати Қобилов Шароф Қамурович бо моддаҳои 200, қ. 3 банди «г», 289, қ. 3, 328, қ. 2 ва 335 иловаи 1-и қ.2 банди «д» ва нисбати нисбати Гадомамадов Фирдавс Ёрмамадович бо моддаҳои 200, қ. 3 банди «г» ва 289, қ.3. КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои моҳиятан баррасӣ гардидан ба Суди ВМКБ ирсол карда шуд.
Дар ин замина як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ва бо ГМҶ алоқаманди ноҳия ҷиҳати дастгирии қочоқчиёни воситаҳои нашъадор барои пешбурди фаъолияти хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯшон монеагӣ эҷод намуданд, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва осудагии одамонро халалдор карда, ба майдаавбошӣ даст задаанд.

Баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи қонуният 19 июни соли ҷорӣ нисбати Ғуломайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуди ҷамоати Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон, муҷаррад, бекор, Мавлододов Ҳабиб Федкаевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуди ҷамоати Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, бекор ва Бахтибеков Илчибек Рамазонвич, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Х. Шодмонов, ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, нафақахӯр, протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Рӯшон барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Ҳамчунин, барои вайрон намудани талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ сокинони ноҳияи Рӯшон Ғарибшоев Ғарибшо Амиршоевич, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Бодуров Дарзу Меҳмонович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Хушназаров Азамат Ақназарович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи деҳаи Баррушон, Мазабшоев Муҳаммад Худоёрович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Дерзуд, Фародбеков Аъзамҷон Ширинбекович, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи деҳаи Баррушон, ҳар кадом ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Номбурдагон ба амалҳои ғайриқонунии худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд.
Ёдрас месозем зарарҳое, ки аз чониби чинояткорон расонида шуда буданд, аз ҷониби худи онҳо пурра барқарор карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика