Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Азимов Аскар Ахмедович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар 186 км, ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Забаров Насим Баҳруллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» хурдсол, Забаров Муҳаммадҷон Диловарович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, Забаров Н.Б. ва мусофираш, Забарова Мастура Раҷабовна, соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика