Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ)

Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми майи соли равон ҳангоми наворгирӣ дар ноҳияи Хуросон бо шахсони номаълум дучори муноқиша қарор гирифта буд, баъди бурдани корҳои санҷишӣ аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Хуросон, маводҳо дар суди ноҳия бо иштироки ӯ ва ҳимоятгараш мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

Гарчанде хабарнигор нисбати сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хурсон ба дағалӣ роҳ додааст бо назардошти шикояти номбурда шаҳрвандон Ғуломов Қурбоналӣ Холмуродович, Бобоев Суҳроб Нуриддинович ва Давлатов Абдулмаҷид Ашурович сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Айнии ноҳияи Хуросон бо қарори суди ноҳияи Хурсон тибқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста шуда, нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика