Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Дустӣ, Хуросон ва Дарвоз

Рӯзи 30-юми майи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” Мусоев Мамараҷаб Ҳайдарович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон, ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Тоҷикобод, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷуйбори обгузари канори роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа ронанда Мусоев М.Ҳ ва мусофири автомашинаи мазкур Холиқов Маҳмадбобо Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашинаи мазкур Бобоев Рустам Маҳмадович, соли таваллудаш 1998 ва Қурбоналиев Абдувалӣ Каримович, соли таваллудаш 1998, сокинони ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона санаи 30-юми майи соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Хусрави Маҳмасаид, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон пиёдагардон; Шералиев Убайдулло Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи мазкур ва Олимова Гулбаҳор Абдуҷалиловна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа Шералиев У.А. ва Олимова Г.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Дар беморхона Шералиев У.А. ба ҳалокат расидааст.
Инчунини рӯзи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Қадамов Озодӣ Тулфорович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ванҷ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи «Душанбе-Сангвор-Дарвоз», воқеъ дар мавзеи «Шаъидон»-и ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Худоиев Асламшо Ақбердиевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Сангвор ва Худоиев Умар Асламшоевич, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда, Қадамов О.Т. ва мусофири дигараш, Нодулёбов Амруло Аҳёевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика