Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмак ба кормандони Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ

 176 

Хайру эҳсон яке аз амалҳои наҷиб ба шумор рафта, афроди саховатпеша дар пайравӣ аз суннатҳои неки ниёгон ҳамеша пайи амалу рафтори наку мегарданд. Табақаи эҳтиёҷманд, ки ниёз ба дастгирӣ дорад, ҳамеша таҳти ғамхориву парастории Ҳукумати кишвар қарор дорад. Чунин амали хайр дар арафаи Иди саиди Фитр аз ҷониби шахсони саховатпеша, хусусан соҳибкорони бо нангу номуси кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ба кормандони Раёсати тиббии ВКД, ки ин шабу рӯз баҳри мубориза бар зидди бемории коронавирус фаъолият доранд, анҷом дода шуд.

177178

Кӯмаки мазкур аз ҷониби ду ширкати ватанӣ “Метал-инвест” ва “Лес-инвес” тақдим карда шуда, ин кӯмак асосан аз маҳсулотҳои ғизоӣ аз қабили орд, биринҷ, равған, макарон, шакар ва маводҳои антисептикӣ, либосҳои худмуҳофизатӣ ва айнак иборат мебошанд.
Илова бар ин, барои беҳтар ва сари вақт хизматрасониҳои тиббӣ ба Раёсати тиббии ВКД як адад автомашинаи сабукрави хизматии тиббӣ дастрас карда шуд, ки ин ҳам ғамхории навбатии ин нафарони саховатпеша ба кормандони тиб аст.
Ҳамзамон имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба Раёсати тиббии ВКД як адад дастгоҳи нафасдиҳӣ ва як миқдор доруворӣ тақдим карда шуд.

179181180

Аз чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти олии кишвар ва ин нафарони бо нангу номус кормандони Раёсати тиббӣ изҳори миннатдорию хушнудӣ намуданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика