Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи фоҷиабор ва ҳалокати ду ронандаи ширкатҳои мусофиркашонӣ

161

Санаи 19-уми майи соли 2020, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан”, Исматов Абдулқосим Сафиевич, соли таваллудаш 1984, ҷойи кораш ронандаи ширкати “Рахш-Таксӣ”, сокини кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон, дар назди “Боғи Ҳайвонот” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай”, таҳти идораи ронанда, Каримов Абдуваҳҳоб Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1985, ҷойи кораш ронандаи ширкати “Олуча-Таксӣ”, сокини шаҳри Ҳисор, бурхӯрдааст. 

162

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан”, Исматов А.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай”, Каримов А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона соати 21:05-дақиқа, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика