Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ кирдори нанговар

Авбошӣ аз рӯи омори содиршавии ҷиноятҳо яке аз кирдорҳои зуд-зуд содиршаванда ба ҳисоб рафта қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин шахсони гунаҳкор ҷазо пешбинӣ намудааст.

Новобаста аз он, ки имрӯзҳо қариб ҳамаи кишварҳои олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бемории ҳамагири COVID-19 рӯ ба рӯ шуда, оқибатҳои онро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ эҳсос менамояд, мутаасифона омори содиршавии ҷинояти авбошӣ ҳамоно дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.
Танҳо 11 майи соли ҷорӣ дар миқёси шаҳри Душанбе 8 ҳолати авбошӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, санаи 11 майи соли 2020 шаҳрванд Ғурбатов Авазмат Умаралиевич, 01.08. 1996 соли таваллуд муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи Корвони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуд, ки соатҳои тахминан 21.30 дар наздикии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафар шахсони ба ӯ ношинос, ки дар рӯй ниқоби тиббӣ доштанд ба ӯ ҳамла намуда, лату кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Тибқи санади тадқиқотии тиббии-судии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тибию судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 346 аз 12.05.2020 сол, ҷароҳати Ғурбатов А.У. зарари сабуки ҷисмонии ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта, хулосабандӣ шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ таҳти № 38596 аз 14.05.2020 сол оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Рафти тафтишоти пешакӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика