Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солимии ҷомеа – солимии миллат

 1008 

Саломатии инсон неъмати олист, ки яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Ҷиҳати таъмини пешгирӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аз сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди вилоятӣ оид ба тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи меъёрҳои тавсияшудаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, махсусан истифодаи ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани фосила байни ҳамдигар, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ ташкил дода шуда, дар ин самт ҳамарӯза бо мардум дар иртибот мебошанд.

10091010

Гурӯҳҳои корӣ шабонарӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба корҳои оммафаҳмонию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории сирояти нави коронавирус, бо масъулияти баланд фаъолият менамоянд.
Муайян карда шуд, ки дар баъзе мавридҳо шаҳрвандон оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя накарда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ ба кӯчаю маҳаллаҳо, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебароянд, ки ин хавфи паҳншавии бемории сирояти нави коронавирусро ба маротиб зиёд мекунанд.

1011101310121014

Инчунин бо супориши сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал- лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода, ташкили корҳои ободонӣ ва безараргардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар, деҳаҳо, хонаҳои истиқоматии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пайваста гузаронида шуда, ,дар маъракаи безараргардонӣ кормандони РВКД дар вилояти Хатлон, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ШБДА, Шуъбаи карантинии РВКД дар вилояти Хатлон ва ниҳодҳои дигар ҷалб гардидаанд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика