Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб пурқиматтарин ганҷинаи ҳастии инсон аст

Дар ҳама давру замон миллати тоҷик барои омӯзиши илму ҳунар ва азхудкунии донишҳои замонавӣ ба китобхонӣ рӯ меоварданд, ки таърихи дуру наздики мо гувоҳи ин гуфтаҳост. Ниёгони мо барои баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии худ аз беҳтарин адабиёти ҷаҳон истифода мебурданд.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Ба ҳамагон маълум аст, ки табиатан мардуми мо китобдор, китобхон ва китобдӯст мебошанд. Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Муҳаққиқон таърихи пайдоиши китобро ба тараққиёти илм, забон, хат, адабиёт, санъат ва техника алоқа медонанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, дастнависҳои папирусӣ бори нахуст дар Мисри қадим, ки ба ҳазораи 4-3-юми то милод рост меояд, таалуқ доранд. Дар раванди тараққиёти ҷомеа ва талаботи замон вобаста ба ихтирои қоғаз, назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз қоғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб муҳимтарин падидаи фарҳангӣ дар дунё ба ҳисоб рафта, онро метавон пуқиматтарин ганҷинаи ҳастии инсон ном бурд. Мардуми тамаддунофари тоҷикро аз қадим ҳамчун китобхону китобдор мешинохтанду мешиносанд. Мардум дар радифи Модар ва Ватан, китобро муқаддас мешуморанд. Дар китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» қайд шудааст, ки: «Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд». Дониш чароғи ақл аст. Барои ҳар як инсон равшанкунандаи роҳи торик ва нерӯи ҳалкунандаи мушкилот аст. Дониш тавассути мушоҳида, эҳсос ва дарки хосиятҳои ҳаводис пайдо мешавад. Такмил додан ва мустаҳкам кардани он мутолиаи доимиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҳар инсоне, ки мехоҳад оламро объективона дарк кунад ва нисбати ҳодисаву зуҳурот маърифат ба даст оварад, бояд пайваста дар ковиш, ҷустуҷӯ ва мутолиаи китоб бошад. Мутолиа накардан риштаи пайвандгари шахсро аз имрӯз ба оянда бармеканад. Ба ӯ имконият намедиҳад, ки баробар ба пешрафти илму техникаи замон қадам гузорад. Аз навгонӣ ва кашфиётҳои соҳавӣ огоҳ гардад. Пакс хондани китоб ва огоҳ гаштан аз дастовардҳои илмиву техникии ҷомеа барои инсон ҳамарӯза зарур ва ҳатмӣ мебошад. Китоб махзани дониш, ганҷинаи маърифат, доруи таскинбахши рӯҳ ва хондани он навъе гуфтугӯ вар обита бо муаллифи ӯст. Бинобар ин, вобаста ба сину сол, хондани китоб ба хонанда ғизои маънавӣ медиҳад. Фонди луғавиашро ғанӣ, нутқашро фасеҳ ва хотираашро мустаҳкам менамояд. Вале, имрӯз дар арсаи рушд ва такомули технологияи информатсионӣ роҳи осон ва чандон бемашаққат, воситаи бисёр дастрас ҷиҳати ба даст овардани иттилоъ, такмил додани дониш, возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ-интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Инсонҳо тавассути истифода аз ин воситаи фаврӣ иттилоъро гирифта, тайи солҳои охир, мутаасифона, таваҷҷуҳ ба китоб ва китобхониро кам кардаанд. Ҳарчанд дар маҷмӯъ китобхонӣ дар байни мардуми мо аз байн нарафтааст, аммо теъдоди нафароне, ки майл ба китобхонӣ доранд, рӯз ба рӯз коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома додани баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» таконе ба ин масъалаи муҳими рӯз гузошт. Худ шоҳиди он ҳастем, ки ҳамарӯза тавассути шабакаҳои телевизионӣ аз ҷамъбасти даври шаҳрию вилоятии озмуни мазкур наворҳо пахш мешаванд. Айён мешавад, ки озмун нақши муассир дар пайдо кардани қобилиятҳо ва нотиқон гузошта, ҳамчунин замина фароҳам овард, ки ҳазорон нафар китобхон шаванд. Умуман дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ қонуну барномаҳои зиёд ба тасвиб расидаанд. Дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» омадааст: «Қонуни мазкур асоси ҳуқуқӣ ташкил, ҳифз, ва рушди фаъолияти китобдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои ҷустучӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд». Бо қабули он фаъолият тавсеа ёфта, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ бештар гардид. Санаи 4-уми сентябри соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд. Он рӯз Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол 4-уми сентябр дар кишвар «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта шавад ва он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид. Пас аз панҷ сол, дар арафаи Наврӯзи соли 2012 муассисаи мазкур бо шароити муосир ва замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт ва дар рӯзи ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки бинои нави китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ перомуни масоили китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа, китобҳои бадеӣ, ибрози назар намуда, минҷумла таъкид кардаанд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин втситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Дар Паёми хеш Пешвои миллат супориш доданд, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров интишор ва ба ҳар як хонадони мамлакат тақдим карда шавад. Ин падидаи беназир дар тӯли таърих мебошад, ки аз арҷгузории баланд ба фарҳангу китоб ва ғамхории падаронаи Сарвари давлат ба мардум шаҳодат медиҳад. Умуман, аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон Пешвои миллат ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди он саҳми беназир гузоштаанд. Аз ин хотир, бо боварии комил метавон ӯро эҳёгари китобхониву китобдорӣ ном бурд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика