Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи коршиносони ВКД давлатҳои аъзои ИДМ

505

506Рӯзи 26-уми марти соли 2020 дар шаҳри Москва дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои ИДМ, ки дар Ҷумҳурии Арманистон ба нақша гирифта шудааст, ҷаласаи коршиносони Вазоратҳои корҳои дохилии (Политсияи) давлатҳои ИДМ аз ҷониби Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа коршиносони Вазоратҳои корҳои дохилии (Политсияи) Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Оид ба натиҷаҳои вохӯрӣ лоиҳаи қаблии рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои ИДМ дар самтҳои зерин мувофиқа карда шуд:
- ҳамкории давлатҳо – аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаҳо барои бозгашт ба шахсоне, ки маҷбурӣ берун карда мешаванд;
- фаъолияти ташкили заминавии ИДМ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;
- мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳо - аъзои ИДМ ва мақомоти ИДМ дар соҳаи амният ва тартибот оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткориҳои фаромиллӣ;
- ташаккул, истифода ва афзалиятҳои рушди Махзани иттилоотии байнидавлатӣ;
- муқовимат ба эҳтимолияти истифодаи асъори крек (криптовалют) бо мақсадҳои ҷиноятӣ дар ҳудуди давлатҳо – аъзои ИДМ.

507

Мавриди қайд аст, ки дар ин ҷаласа муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мазкур як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика