Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Нуробод

504

Рӯзи 19-уми марти соли 2020 вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал – майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати КДАМ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақа полковник Муродов Нуралӣ Умаралиевич бо сокинон ва шикорчиёни ноҳияи Нуробод баргузор гардид. 

Дар раванди вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, роҳҳои ҷилавгирӣ аз он, терроризм – экстремизм, содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани онҳо, таблиғу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, расму оини аждодӣ ва либосҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.

502503

Дар хотимаи вохӯрӣ сокинони ноҳияи Нуробод барои чунин вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ як зумра таклифҳо пешниҳод карданд.
Гул Маҳбуба

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика