Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии либосҳои варзишӣ аз ҷониби ду нафар ноболиғ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амбори либосивазкунии дастаи футболи “Истиқлол”-и пойтахт даромада, аз он ҷо 18-ҷуфт либосҳои варзишӣ, 8-ҷуфт либосҳои кӯдаконаи варзишӣ, 6-адад тӯбро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ноболиғони 16 солаи сокинони ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шудаанд.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика