Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо шарикони иҷтимоӣ дар доираи ислоҳоти милитсия

723

Рӯзҳои 13-14-уми феврали соли 2020 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва кӯмаки молиявии ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) вохӯрии шарикони иҷтимоӣ ҷиҳати банақшагирии фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Ҳамдамзода В.Ҳ., роҳбарият ва кормандони ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд», ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар минтақаҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳамдамзода В.Ҳ. оғоз намуда, дар бораи фаъолияти ВКД дар соли 2019 дар самти ислоҳоти милитсия ба ҷомеаи шаҳрвандӣ иттилоъ дод. Зимнан вобаста ба фаъолияти ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» ибрози андеша намуд.
Дар раванди чорабинӣ нақшаи корӣ барои фаъолияти якҷояи ВКД бо «Сейферворлд» барои соли 2020 таҳия карда шуд.
Тибқи нақшаи мазкур дар соли ҷорӣ:
- 5 минтақаҳои хизматии милитсия дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бунёд карда мешаванд;
- минтақаҳои мазкур бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд;
- ҷорӣ намудани ситемаи ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят;
- таҳия, нашр ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа барои кормандони милитсия ва ҷомеа;
- тақвият бахшидани фаъолияти Шӯрои занони ВКД;
- гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба ҷалби бештари занон ба мақомоти корҳои дохилӣ;
- баргузории конференсияҳои минтақавӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар чорабиниҳо дар самти такмили фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ.

724725

Дар хотимаи вохӯрӣ иштироккунандагон доир ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва роҳҳои самарабахши амалисозии ислоҳоти милитсия дар мақомоти корҳои дохилӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Гул Маҳбуба

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика