Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 28-солаи сокини кӯчаи Хуросони ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Спринтер”, ки дар назди хани истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, 6 ҳазору 300 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 14-сола, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, сокини кӯчаи Шарифзодаи шаҳри мазкур бо гумони дуздӣ, дастгир карда шуд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда, санаи 28-уми январи соли 2020, тахминан соати 07:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 21-солаи сокини кӯчаи Матросови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 3 ҳазору 480 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-50”, ки арзишаш 2 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 630 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика