Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар РВКД вилояти Суғд

419

Рӯзи 12-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки доираи васеи намояндагони Воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич вобаста ба дастовард, натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомот дар давоми соли 2019 ба рӯзноманигорон маълумот дод.
Дар маърӯзаи сардори Раёсати мазкур оид ба вазъи ҷиноятсодиркунӣ ва намуди ҷиноятҳои дар миқёси вилоят содиршуда, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, фаъолияти милитсия дар самти ошкор намудани кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, боздошти афроди дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва пешгирии унсурҳои номатлуб зикр гардид.
Ба рӯзноманигорон маълумот дода шуд, ки содиршавии ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва дар ҳолати мастӣ, шумораи ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ва нигоҳдошти ғайриқонунии силоҳ нисбати соли 2018 кам гардид.
Тавре зикр гардид, дар соли 2019 мавқеи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, субъекти муборизи ҷиноят, ҳуқуқвайронкунӣ, унсурҳои ба ҷомеа хавфнок ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ хеле назаррас буд.

420421422

Дар рафти нишасти матбуотӣ вобаста ба ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба намояндагони ВАО маълумоти заруриро баён дошта, барои ҳамкории доимии судманд бо масъулини мақомоти корҳои дохилии вилоят дар тарғибу инъикоси воқеъбинонаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, таҳқиқу тафтишотӣ ва профилактикӣ, тавсифи дастовард ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия, ҳамзамон баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои доғи рӯз ба рӯзноманигорон миннатдорӣ изҳор намуд.
Дар охир рӯзноманигорон ба сардори Раёсат оид ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, нақшаҳои минбаъда ва дигар муаммоҳои рӯзмарра, ки ба фаъолияти милитсия алоқаманд аст, суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Акбар ШАРИФӢ,
майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика