Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дилгармии насли наврас ба омӯзиши илмҳо дар литсейи «Раҳнамо»

714

Хушбахтона бо мададу дастгирии роҳбарияти Ҳукумати кишвар шароити муассисаҳои таълимии соҳаи маориф аз пештара дида имрӯз беҳтар гардида, насли наврас дар фазои мусоид таълиму тарбия мегиранд. Дар ин замина, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳассилину волидон ва омӯзгорон, инчунин, бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ноболиғону ҷавонон ва таҳкими робита миёни мактабу оила ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксар вақт бо ташаббуси муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону волидон ва толибилмон баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, чунин як ҷамъомади судманд бо иштироки масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД рӯзи 27-уми январ дар муассисаи таълимии хусусии «Литсейи Раҳнамо»-и шаҳри Душанбе доир гардид. 

Тавре дар оғози ин ҷамъомад директори генералии «Литсейи Раҳнамо» Ҳакимниё Илҳомиддин Ғоибпур изҳор дошт, шароити таълиму тарбияи насли наврас дар литсей дар сатҳи баланд қарор дошта, ҳамкорӣ миёни литсей, оила ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан милитсия ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз ҳамин гуна ҳамоҳангӣ аст, ки дар муқоиса ба дигар муассисаҳои таълимӣ дар «Литсейи Раҳнамо» аз ҷониби хонандагони он ягон ҳолати ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ба қайд гирифта нашудааст.

715716

Дар навбати худ, сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб низ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои тарафайни «Литсейи Раҳнамо» бо кормандони милитсия ёдовар шуда, қайд намуд, ки ин мулоқот бо ташаббуси Хадамоти мазкур баргузор карда шуд.
Мавсуф зимни суханронии худ нуктаҳои алоҳидаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ба саъми ҳозирин расонида, зикр намуд, ки баргузории ҳама гуна озмуну викторинаҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ҳавасманд намудани онҳо боиси дилгармии бештари насли наврас ба илму донишомӯзӣ мегардад.
Ҷиҳати тақвияти андешаҳои худ сардори ХПҲНҶ ВКД аз ҷараёни озмуни китобхонии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ёдовар шуда, махсус пешсафии хонандагони муассисаи таълимии хусусии «Литсейи Раҳнамо»-ро дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ таъкид дошт.
Дар вохӯрии зикршуда, ҳамчунин роҳбари ҷавонони гурӯҳи «Авангард» Фирӯз Қодиров баромад намуда, аз муҳиммияти омӯзиши илмҳои муосир ва забондонию забономӯзӣ барои ҷавонон ёдоварӣ намуд. Тавре ӯ иброз намуд, маҳз сатҳи баланди маърифатнокӣ ва тахассуснокии ҷавонон боиси дар ҷомеа комёбу пешрафт кардани онҳо мегардад.

717

Волидони толибилмони литсейи номбурда низ дар ин ҷамъомад иштирок намуда, аз манфиатнок будани робита миёни муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти милитсия ёдовар шуданд. Тавре онҳо қайд намуданд, маҳз ҳамин гуна ҳамкориҳо мебошад, ки фарзандонашон бо як шавқу ҳавас ва дилгармӣ ба омӯзиши илмҳои муосир дода шуда, дорои ахлоқи хубу намунавӣ ва тарбияи дуруст мебошанд.
Дар фароварди ҷамъомад ҳам масъулини «Литсейи Раҳнамо» ва ҳам волидону кормандони милитсия ҳавасмандии худро барои дар оянда низ тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн изҳор намуданд.
Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ,
кормандони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика