Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазғҳои қимматноки қалбакӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 28 ва 20-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазғои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд. 

Номбурдагон, бо мақсади ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ, аз шахси ба тафтишот номаълум 22-адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ғайриқонунӣ ба даст оварда, санаи 25-уми январи соли 2020, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Хуҷанд ғайриқонунӣ 7-адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ба маблағи 6 ҳазору 300 сомонӣ фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашонро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2020, оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика