Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 26-уми январи соли 2020, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», Алимов Маҳмадӣ Тавакалович, соли таваллудаш 1998, сокини кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Гипрозем ба самти кӯчаи Борбад аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзомуродова Нарзия, соли таваллудаш 1954, сокини кӯчаи Гипроземи пойтахтро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагард Мирзомуродова Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 26-уми январи соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Нурматов Сулаймон Ҳикматович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи наклиётгарди «Кучкак-Исфара-Гулистон», дар ҳудуди деҳоти Кулканд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шодиев Мақсудҷон Маъруфович, соли таваллудаш 2005, хонандаи синфи 8-уми МТМУ, сокини ҷамоати деҳоти Кулканди ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Шодиев М.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика