Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии 6-сар чорво аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи марди 33-солаи сокини деҳаи Зарбдори ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки шаби 8-ум ба 9-уми декабри соли 2019, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Намуна”, 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 13000-сомониро ташкил медиҳад. 

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, номбурда шаби 8-ум ба 9-уми декабри соли 2019, тахминан соати 01:00, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Намуна”, 2-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 49-солаи сокини деҳаи Зарбдор тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 18000-сомониро ташкил медиҳад.
Номбурда ҳамчунин, рӯзи 29-уми декабри соли 2019, тахминан соати 12:00, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Меҳвар”, 2-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 37-солаи сокини деҳаи Юқори-хоҷа тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 000-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика