Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ворид гардидааст, ки санаи 15-уми январи соли 2020, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум дар назди қаҳвахонаи «Мансур», воқеъ дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд бо тариқи ошкоро аз ӯ 550 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А10», ки арзишаш 800 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаааст ва марди 22-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 02:00, шахси номаълум дар назди ошхонаи «Далер», воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, бо тариқи ошкоро аз ӯ 1 адад шиносномаи хориҷӣ ва 2 адад телефони мобилии тамғаҳои «Нокия» ва «Самсунг»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаҳои 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 162 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар соди намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика