Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ вазифаи мост!

357

Новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар шаҳри Ваҳдат чорабиниҳои мақсаднок дар самти пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ пайваста баргузор мегардад, вале ҳамоно ба мушоҳида мерасад, ки бархе ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро сарфи назар намуда, ба сураъатафзоӣ ва сабқати нодуруст роҳ медиҳанд. Чунин қонуншикании ронандагон аксар маврид, боиси сар задани садамаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад. 

Аз ҷумла, чанд рӯз қабл ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Рустамов Тоҷиддин, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат қоидаи ҳаракти роҳро дағалона вайрон карда, ба самти муқобил баромада, ба автомашинаи дигари “Опел-Астра”, таҳти идораи ронандаи 55 солаи сокини шаҳри Кӯлоб бархурдааст, ки дар натиҷа ронандаи “Опел-Астра”-и аз самти муқобил ҳаракаткунанда бо ду нафар мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Санҷишҳои мақсадноки кормандони БДА дар шаҳри мазкур маҳз барои пешгирии чунин садамаҳои нохуш ба роҳ монда шуда, кормандони БДА кӯшиш менамоянд, ки қоидавайронкуниҳои ронандагонро пешгирӣ намоянд.
Ҳамарӯза кормандони шуъбачаи мазкур ба хизмати шабонарӯзӣ сафарбар гардида, бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд. Вале мутаассифона ҳанӯз бархе ронандагон ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ дода, ҳаёти худ ва дигар мусофиронро зери хатар мегузоранд.
Санҷише, ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар шаҳри Ваҳдат давоми як соат дар шоҳроҳи мазкур доир карда шуд, якчанд далели суръатафзоӣ ва сабқати нодурусти ронандагони воситаҳои нақлиётро ошкор кард.
Бархе ронандагон гӯё барои якдигар хидмат мекарда бошанд пас аз гузаштан дар нуқтаи хизматбарии кормандони БДА, ба ронандагони дар самти муқобил ҳаракаткунанда бо аломатҳои махсус, аз қабили равшан намудани чароғак ва ишора намудан бо ангушт якдигарро хабар медиҳанд.
Мавриди қайд аст, ки чунин хизмати ронандагон бар зарари худи онҳост. Зеро баъди гузаштан аз БДА, ронанда бо умеде, ки нуқтаи хизматбарии минбаъдаи кормандонро ронандагони дигар ба ӯ хабар медиҳанд, суръати воситаи нақлиётро баланд менамоянд, ки боиси сар задани садама мегардад.
Бояд кайд намуд, ронандагонро мебояд на барои ҷаримабандии кормандони БДА, балки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии хеш қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд.

358

Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзӣ ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбачаи мазкур дар моҳи январи соли равон 4 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор карда шуд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика