Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши мақсаднок дар марказҳои бозии компютерӣ

174

Бо мақасади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ва ҷалби онҳо ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва аз худ кардани барномаҳои таълимӣ кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД пайваста дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагон вохӯриву сӯҳбатҳои мақсаднок доир менамоянд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки бархе ноболиғон вақти пурқимати худро беҳуда, дар марказҳои бозиҳои компютерӣ мегузаронанд.
Санҷиши навбатие, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД доир гардид, якчанд далелҳоро дар ин самт ошкор кард. Ҳангоми доир намудани санҷиш дар маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи Сино, ки ба шаҳрванд Ҷалолов Мансур Рустамович тааллуқ дорад, муайян гардид, ки 8 нафар ноболиғ ва 11 нафар ҷавон машғули бозиҳои зараровари компютерӣ буданд. Барои иҷозат додани ноболиғон дар ин марказ нисбати соҳибмулк Ҷалолов Мансур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, фаъолияташ муваққатан қатъ карда шуд.
Корамандони ХПҲНҶ бо ҷавонон ва ноболиғон сӯҳбатҳои манфиатовар доир намуда, зарар ва зиёни бозиҳои компютерӣ, ки хусусияти зуроварӣ ва даҳшату ваҳшониятро доро мебошанд, ба ҷавонон ва ноболиғон фаҳмониданд.

Нисбати падару модарони ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима тадбиқ карда шуд.
Шоҳиён Абдулло, майори милитсия,
Холов Дилшод, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика