Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии 9 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи Рӯдаки

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 7-уми январи соли 2020, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз дохили оғилхонааш 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон номбурда, санаи 23-юми декабри соли 2019, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ҳамин ноҳия даромада, аз дохили оғилхонааш 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2019, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз дохили оғилхонааш 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Худи ӯ, моҳи декабри соли 2019, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 67-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ҳамон ноҳия, аз дохили оғилхонааш 3 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар маҷмуъ зарари расонидашуда 57 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика