Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор ва муайян намудани ҳодисаҳои қаллобӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 61-солаи сокини шаҳри Бохтар, собиқ директори ҶДММ «Нур» ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 26-уми августи соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 57-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахт даромада, аз ӯ 447205 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 200 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаааст ва марди 26-солаи сокини ноҳияи Деваштич, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Рӯстамҷон”, воқеъ дар шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 40-тонна ангури навъи тоифӣ, ҷамъ ба маблағи 170000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика