Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 5 нафар тайи ду рӯз дар садамаҳои нақлиётии марговар

029

Рӯзи 10-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хова", бе рақами қайди давлатӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ, шаҳрванд Мадаминов Муҳаммад Мадаминович, соли таваллудаш 1977, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум зани тахминан 40-45-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, зани шахсияташ номаълум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Барои муайян намудани шахсияти зани мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Рӯзи 11-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Пирназаров Фозилҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти гузаргоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти ноҳияи Шаҳритус, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба тарафи чап роҳ баромада, ба симчӯби бетонии хатти барқ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Пирназаров Обидҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Қубодиён, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигараш: Пирназаров Расулҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1984 ва Шерматов Ғуломҷон Муродович, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи мазкур ҷарроҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Рӯзи 11-уми январи соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Шаҳром Давлатмуродович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ҳисор-Душанбе”, дар ҳудуди деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҷидова Марзия Чориевна, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Чоряккорон ва ноболиғ Мирзобоев Достон Мақсадович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, сокини деҳаи Шуртуғайи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Маҷидова М.Ч. ва ноболиғ Мирзобоев Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ Маҷидова М.Ҷ. ба ҳалокат расидааст. Ноболиғ Мирзобоев Д.М. дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Ҳамчунин санаи 11-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Баҳриддинзода Нуриддин Қутбиддин, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Қалъачаи Раиси ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Раҳимов Аҳтам Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Варзоб, бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Раҳимов А. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҳасанова Мавзуна Бурҳоновна, соли таваллудаш 2001, донишҷӯи соли якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика