Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаримабандии 9-нафар ронандагон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

 705

Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин самт шаҳрвандон низ худро бетараф наҳисобида, қоидавайронкуниҳои дағали ронандагонро ба новор ва аксбардорӣ намуда, ҷиҳати чораҷуӣ ба унвонии раёсат мефиристанд. Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати бевоситаи роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор дошта, мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, нисбати ронандагон тамоми чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Аз ҷумла як қатор истифодабарандагони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати ронандагони онҳо чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Баъди ирсоли расми қоидавайронкунӣ ронандагони зерин аз ҷониби ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуданд, ки қоидавайронкунии онҳо аз рӯйи аксҳои фиристодашуда, исботи худро ёфтаанд.
Вобаста ба ин нисбати ҳар камоме аз онҳо мувофиқи қоидавайронкуниашон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла нисбати ронандагони зерин:

706

Мустафоев Аслиддин Саидакбарович - ронандаи автомашинаи тамғаи Кия, рақами қайди давлатиаш 1996 РЕ 01;

707

Изатуллоев Дилшод Некқадамович - ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус-450, рақами қайди давлатиаш 5555 КВ 01;

708

Ашуров Фирдавс Файзуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 9795 РР 01;

709

Аҳмадов Джайлов Кучкарович - ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай-Элантра, рақами қайди давлатиаш 177 ZС 01;

710

Рафиев Муҳаммадрасул Абдулманнонович - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 1111 YY 07;

711

Эмомов Ҳотамшоҳ Маҳмадшоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, рақами қайди давлатиаш 4800 СС 01;

712

Зоиров Бежан Сафарбекович - ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кралло, рақами қайди давлатиаш 4581 ТТ 05;

712

Давлатов Кароматулло Ашуралиевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 6167 НА 01;

713

Исломов Иброҳимҷон Истамҷонович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5455 НР 01;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика