Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии ҳамён ва дигар ашёҳо аз дохили пакети селофанӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 28-солаи сокини кӯчаи Анзоби ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 2-юми декабри соли 2019, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили пакети селофанӣ ҳамёнаш, ки дар дохили он 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-3”, 2-адад шиносномаи миллӣ ва 60-сомонӣ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 000 сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар марди 32 ва 27-солаи сокинони кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика