Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Қубодиён

601

602Рӯзи 2-юми декбри соли 2019 вохӯрии сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло низ ширкат варзида, иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри амнияту пойдории сулҳу субот, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷиноӣ, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тадбирҳои мушаххас андешем.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода ба сухан баромада, хатарнокии терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба иштирокдорон маънидод намуд.
Қайд карда шуд, ки ҳар нафаре, ки аз оромиву сарсабзии ин сарзамин, амнияту сулҳ, ваҳдату ягонагӣ ношукрӣ дорад, инсони комил буда наметавонад. Донистани фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромӣ доштани онҳо, муттаҳид будан, шукргузорӣ кардан аз миллату давлати обод, рисолати ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Ва мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон бояд фирефтаи дасисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нашаванд ва дар фазои сулҳу субот зиндагиву фаъолият кунанд.

603

Дар рафти ҷамъомад раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, омӯзгорон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории аҳли ҷомеа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ҷинояткорӣ барои оромиву осоиштагӣ ва рушди босуботи кишвар барои ҳар як фарди ватандӯст қарз ва зарур аст.
Вохӯрии мазкур бо мақсади рафъи омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баҳри пешгирии зуҳуротҳои номатлуб мусоидаткунанда мебошад.
Чорабинӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, иштирокдорон аз рафти баргузории он қаноатманд гардиданд.
Офоқ Қодириён.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика