Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат ва машқи шабонаи оташнишонӣ дар ноҳияи Рашт

639 

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба сатҳи донишу малакаи касбии кормандони соҳа диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати мукамал гардонидани маҳорату малакаи касбии кормандон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ин раванд,бо супориши сардори Сарраёсат генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода аз тарафи гурӯҳи кории Сарраёсат бо роҳбарии муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори хизмати дохилӣ Раҳимзода Носирхуҷа давоми 3-рӯз дар ноҳияи Рашт бо кормандони тахассуси хизматии Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт доир ба ташкили хизмат, гузаронидани амалиётҳои фаврии бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор ва наҷоти одамону эмин нигоҳ доштани молу мулк аз нобудшавӣ дар оташ, тартиби сари вақту самаранок гузаронидани муоинаи техникии нақлиётҳои оташнишонӣ дар давраи зимистон ва дигар фаслҳои сол, инчунин вобаста ба дигар мавзӯҳои самти тахассуси хизматӣ семинар-машварат ва машғулиятҳои назариявию амалӣ ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.

640641

Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ «Дар бораи тасдиқи дастурамал оиди эълон намудани амалиёти «Сӯхтор»», дар давраи тирамоҳу зимистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ба ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву корхонаҳои шакли мансубияту моликияташон гуногун, бозору марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои оммавию биноҳои баландошёна тақвият бахшида, ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар онҳо чораю тадбирҳои иловагии зиддисӯхториро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Вобаста ба ин, бо супориши сардори Сарраёсат ҳамчунин аз тарафи гурӯҳи кории СХДО ВКД дар якҷоягӣ бо ШХДО гурӯҳи ноҳияҳои Рашт шаби 30-юми ноябри соли 2019 дар Бозори марказии шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, мансуб ба Ҷамъияти матлубот, амалиёти махсуси «Сӯхтор» бо ҷалби ҷузъу томҳои Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва тибқи нақшаи алоҳида сафарбар карда шудани роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва сохторҳои он, ШБДА, Шуъбаи тиббии РВКД, инчунин дигар хадамотҳои садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези ноҳияи Рашт», масъулин ва дружинаи идоравии оташнишонию муҳофизони бозори мазкур ташкил ва баргузор карда шуд. Дар амалиёти муштарак 99 нафар кормандони хадамоту мақомотҳо, 12 адад воситаҳои нақлиёти сӯхторхомӯшкунию ёрирасон ва дигар техникаву таҷҳизотҳои зарурӣ ҷалб ва истифода бурда шуданд.
Тибқи нақшаи амалиёти махсуси «Сӯхтор» гӯё дар даромадгоҳи 3-юми бозори номбаршуда, дар масоҳати 300 метри мураббаъ сӯхтор рух дода, бинобар сабаби вазъи номусоидии обу ҳаво ва вазидани шамоли сахт, таҳдиди паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст. Бо назардошти вазъияти ба амал омада, роҳбарии амалиёти рафъи ҳодисаи шартиро сардори ШХДО гурӯҳи ноҳияҳои Рашт подполковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода ба зиммаи худ гирифта, бо таъсис додани Ситоди оташнишонӣ, ба зуддӣ муайян намудани самтҳои асосии ҳалкунанда дар сӯхтор ва дуруст сафарбар намудани тамоми қувва ва воситаҳо ба 4 минтақаҳои муҳорибавӣ, 3 сектори хизматбарӣ, 4 нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ, 4 минтақа ва ҷойҳои хизматбарӣ ва 1 хатсайри пайраҳадории БДА, ки аз ҷиҳати интихоби мавқеъ барои дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намудани сӯхтор, ҳифзи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти молу мулки соҳибкорону савдогарон дар ҷойи ҳодисаи шартӣ самараноку ба мақсад пурра мувофиқ буданд, ба иштирокчиёни амалиёт имкон дод, ки алангаи оташро дар ҳамаи самтҳо сари вақт пешгирӣ намуда, сӯхтори шартиро бепаҳншавӣ ва ба зуддӣ хомӯш намоянд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои машқи тактикӣ - оташнишонии муштарак, муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат майори хизмати дохилӣ Раҳмҳимзода Носирхуҷа ва сардори ШХДО гурӯҳи ноҳияҳои Рашт подполковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода ба амалиёти гузаронида шуда баҳои баланд дода, ба иштирокчиёни он изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин барои дар оянда боз ҳам хубтар ба роҳ мондани чунин машқҳои муштарак ба иштирокчиёни амалиёт аз тарафи онҳо дастуру тавсияҳои муфид дода шуданд.

642643

Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин машқҳои муштарак дараҷаи олии тайёрии тактикии ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҳолати омодабошии масъулону кормандони дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор, инчунин воситаи муҳими ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ба масъалаи тайёрии тактикии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри такмили ихтисос ва сайқал додани донишу малакаи касбии кормандон мунтазам машғулиятҳои назариявию амалиро ба роҳ мондаанд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика