Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкил ва нигоҳдории қиморхона ҷиноят аст!

605Ашхоси мардумфиреб барои расидан ба мақсадҳои нопок, бо ташкил ё нигоҳдории қиморхонаҳо бо роҳу усулҳои ҷинояткоронаи худ, аз иродаи сусти шаҳрвандон истифода намуда, ба боварии онҳо медароянд ва ба хотири ба даст овардани даромади муфт то ҳадде мардумро фиреб медиҳанд, ки ин нафарони гумроҳ охирин пули дар ҷайбашон бударо ба коми ин қаллобон ҳаво медиҳанд. 

Ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин аъмоли номатлуб дар доираи чорабиниҳои оперативӣ, кормандони Шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қисми минтақии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти Вайсови ноҳияи Восеъ, шаҳрванд Табаров Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи деҳаи мазкурро, ки муддати як моҳ манзили истиқоматиашро ба қиморхона табдил додааст, дастгир намуданд.
Бехабар аз он ки ҳеҷ ҷинояте бе ҷазо намемонаду ин ашхос умри тӯлонии худро пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ хоҳанд кард, Табаров Раҷабалӣ чанд нафар аз сокинони деҳаи мазкурро низ ба бозии қимор ҷалб намудааст, ки ин нафарон Табаров Ҷовидон, соли таваллудаш 1997, Муродов Сайҷалол, соли таваллудаш 1991, Кароматуллои Неъматулло, соли таваллудаш 1994, Давлатов Рустам, соли таваллудаш 1989, мебошанд.
Ҳангоми дастгир гардидан аз шахсони дар боло номбаркардашуда як адад купюраи 100-сомона, шаш адад купюраи 20-сомона, 13-адад купюраи 10-сомона, як адад купюраи 5-сомона, як адад купюраи 3-сомона, картаҳои қиморбозӣ ва 2-адад чоркунҷаҳои ишоратӣ (зарик) ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Табаров Раҷабалӣ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад ва нисбати дигар иштирокдорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика