Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2019, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-311”, Пиримов Дороб Рустамович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳринав ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Пиров Баҳодур Камолович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, Пиров Б.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, санаи 18-уми ноябри соли 2019, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53», Давлатмамадов Довут Бозичаевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Рушон, ронандаи идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон, ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернати ноҳияи Рушон, хурдсол Миравазбеков Далер Замонович, соли таваллудаш 2013-ро, ки ба бозӣ машғул буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Миравзабеков Д.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика