Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони Тоҷикистон: Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!

IMG 3727

Чун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиставу арзанда, ба хотири эҳтиром гузоштан ба заҳматҳову талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 инҷониб ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд карда мешавад.

Бо ин мақсад, ҷавонони фаъоли кишвар тасмим гирифтанд, ки чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ва фарҳангӣ-маърифатиро дар ҳудуди мамлакат роҳандозӣ намоянд.
Аз он ҷумла, аз ҷониби ҷавонони гурӯҳи «Авангард» тӯли як моҳ, аз 15-уми октябр то 15-уми ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин акси Пешвои миллат» доир гардид.
Дар ин муддат, дар озмун 1573 нафар кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат иштирок намуда, аз инҳо 1385 нафарашон аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тариқи инъикоси корнамоиҳо ва 188 нафар бо тариқи шеър дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ҷойгир намуданд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби корбарони шабакаҳои гуногуни иҷтимоии интернетӣ 11 ҳазору 370 акси Пешвои миллат дар саҳифаҳояшон гузошта шуданд.
Озмуни мазкурро ҳайати доварон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баҳогузорӣ намуда, дар натиҷа, ғолибонро муайян сохтанд.
Инчунин, рӯзи 16-уми ноябр бахшида ба «Рӯзи Президент» дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия аксияи идонаи «Мо бо шумоем, Пешвои миллат!» баргузор карда шуд, ки дар он ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Дар ин аксияи таблиғотиву ташвиқотӣ ба сокинони пойтахт зиёда аз 10 ҳазор варақаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ бо аксҳои Роҳбари давлат тақдим гардид.
Зимни ин чорабинӣ, ғолибони озмуни «Беҳтарин акси Пешвои миллат» қадрдонӣ гардиданд. Дар натиҷа, мақоми аввалро сардори гурӯҳи «Авангард»-и вилояти Хатлон Самандари Раҷабалӣ бо гирифтани 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюмро омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Шараф Аланазаров бо мукофоти 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюмро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сафарбек Гулов бо дарёфти 2 ҳазор сомонӣ мушарраф гардиданд.
IMG 3749

Дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» нахуст сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Мансур Бухоризода аз ташаббуси ҷавонон хуш истиқбол намуда, онро ҷиҳати қадрдонии ҷавонон ба шахсияти арзанда ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Роҳбари давлат муҳим арзёбӣ намуд.
Роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Фирӯзи Маҳмадулло арзи сипос як гурӯҳ ҷавонони мамлакатро ба Пешвои миллат баён намуд, ки дар ин муроҷиатнома, аз он ҷумла омадааст; «Ба тамоми ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат мо ҷавонони зодаи Истиқлол сидқан миннатдории худро баён намуда, сипос мегӯем Сарварро, ки сарпарасти мост! Ташаккур арз медорем Пешворо барои тамоми дастгириву накӯкориҳояшон. Мо аз таҳти дил кӯшиш ба харҷ медиҳем то ба халқу Ватан - Модари азизамон хизмат намуда, ҷавоби некиву ғамхориҳои Президенти мамлакатро бо амалҳои ҷавонмардонаи худ тасдиқ намоем.
Мо ҷавонони кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки ҳар яке мутахассиси соҳаи худ шуда, то охирин нафас барои ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбуб хизмат мекунем».
Дар охир якчанд ҷавонони фаъол андешаҳои хешро дар мавриди моҳияти Рӯзи Президент ва пайрави Пешвои миллат будани ҷавонони боору номус ва ояндасози мамлакат изҳор доштанд.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ,
Абдулло ШОҲИЁН


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика