Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳомии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ

DSC 0017

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2019 бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи тантанавӣ дар мавзӯи «Садоқат ба Президент – Садоқат ба Ватан» баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини аввали сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт майори милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Инчунин дар рафти ҷаласаи тантанавӣ устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Давлатов Насимҷон Маҳмадҷонович ва намояндаи ҷавонони фаъоли минтақа ва ноҳияи Рашт Сироҷов Хуршед Додархуҷаевич доир ба мавзӯи «Садоқат ба Президент – Садоқат ба Ватан» ибрози афкор намуданд.
Зикр гардид, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон бо сарфарозиву хушнудии зиёд дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу муттаҳидӣ ин санаи фаромӯшнашаванда ва таърихиро ҷашн мегиранд. Зеро тақдир ва сарнавишти ҳар давлату миллат бастагӣ ба роҳбарону сарварони онҳо дорад. Хушбахтона, тақдир ба миллати тоҷдору куҳанфарҳанги тоҷик фарзонафарзанд ва абармардеро насиб гардонид, ки бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстӣ тавонист пояҳои давлатдориро бунёд гузорад, миллати анқариб маҳв гаштаву ба нобудӣ кашидашударо аз хокистару хун раҳонанд, фарҳангу тамаддуни тоҷиконаро дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, ба бузургтарин дастовардҳо ноил гардад ва сарнавишти халқи тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созад.

DSC 0006

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика