Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили иди касбӣ дар ШВКД ноҳияи Варзоб

550

Имрӯз дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Варзоб Маҳмадулло Шерализода, раиси Суди ноҳия Раҷабалӣ Воҳидзода, сардори ШВКД дар ин ноҳия полковники милитсия Раҳматулло Саидзода, сардабири ҳафтаномаи ҳуқуқӣ сиёсӣ ва иҷтимоии “Қонун ва ҷомеа” полковники милитсия Ҳасан Шерализода, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур иштирок намуданд.

551

Дар оғози баргузории чорабинӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб полковники милитсия Раҳматулло Саидзода доир ба натиҷаҳои назарраси хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар ин ноҳия андешаҳояшро баён намуд. Дар идомаи суханронии худ мавсуф илова намуд, ки дар қатори дигар ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурӣ Рӯзи милитсия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Сипас раиси ноҳияи Варзоб Маҳмадулло Шерализода, иброз намуд, ки кормандони милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккаби давлатиро дар самти таъмину тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки кормандони Шуъбаи милитсияи ноҳияи Варзоб дар давоми фаъолияти худ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ сарбаландона баромада, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оромию осоиштагии сокинони ноҳия саҳми худро мегузоранд. Дар идома номбурда кормандони милитсия ва собиқадоронро, ки барои эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзандаи худро гузоштаанд бо иди касбиашон муборакбод намуда, ба онҳо муваффақиятҳо орзу намуд.

552

Дар фарҷоми чорабинӣ ба собиқадорону кормандони шуъба барои хизматҳои софдилонаю содиқона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, волоияти қонун ва пешгирию ошкор намудани ҷинояткорӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи милитсия аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Ифтихорномаю Сипоснома ва медалҳои ҷашнӣ тақдим гардид.
Тоҷиддин Латипов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика