Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия муҳофизатгари халқ

541

Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон дар давоми солҳои фаъолияти худ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ баромада, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осоиштагии мардум саҳми назаррас доранд.
Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори РВКД дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти Раёсат ва зерсохторҳои он, собиқадорон, дружиначиён, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд , ҷавонои фаъол баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ муовини сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Давлатзода Раҳмоналӣ ба сухан баромада, ҳамагонро ба рӯзи Иди касбияшон аз номи роҳбарият табрику шодбош гуфта, изҳор аз он дошт, ки Роҳбарияти сиёсии мамлакат, хусусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақомот таваҷҷуҳи хосса дошта, зимни ҳар як баромадашон баҳри пешрафти ин сохтор таҳкидҳо месозанд.
Зикр карда шуд, ки милитсияи тоҷик таърихи дуру дароз дошта, саҳми он дар пойдории сулҳу субот ва якпорчагии меҳан назаррас аст.

542543544

Дар ин рӯз бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди касбии милитсияи тоҷик ҷиҳати сарпарастӣ ва ғамхорӣ қарор додани ятимону ниёзмандон, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми дифои вазифа ҷони худро аз даст додаанд, аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон маводҳои ғизоӣ, ҳамчунин маблағҳои пуливу молӣ расонида шуд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика