Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни ботантанаи «Рӯзи кормандони милитсия» дар вилояти Суғд

580

10-уми ноябр ҳамчун санаи тақвимии таъсисёбии милитсияи тоҷик дар таърихи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон сабт шудааст. Ва дар хотираи он нафароне, ки умри худро ба ин мақомоти бонуфӯзи давлатӣ пайваста, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандонро асоси зиндагии хеш донистаанд, фаромӯшнопазир мебошад.
Рӯзи 8-уми ноябр ба муносибати «Рӯзи кормандони милитсия» дар «Кохи Рӯдакӣ»-и маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии вилоят, собиқадорони соҳа ва доираи васеъи кормандони милитсия аз 18 шаҳру ноҳияҳои минтақа чорабинии бошукӯҳ дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

581

Чорабинии идонаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо паёми табрикӣ ифтитоҳ намуда, таҷлили тантанавии «Рӯзи кормандони милитсия»-ро нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ унвон кард. Дар маърузаи раиси вилоят аз мавқеи милитсия дар тадбиқи сиёсати давлат, меъёрҳои қонунгузорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноят, боздошти нафарони ҷиноят содир намуда ва муҳимтар аз ҳама амнияти побарҷои сартосарӣ дар Тоҷикистон таъкид рафт. Қайд гардид, ки мардум дар симои милитсия симои давлатро мебинанд ва имрӯзҳо кормандони мақомот, аз ҷумла милитсияи Суғд бо фаъолияти оперативӣ-хизматии намунавӣ боварию эътиқоди аҳолиро нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ бештар намуда дар иҷрои рисолати касбӣ нақши равшан дорад.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ 13 нафар кормандони милитсия бо Сипоснома ва туҳфаҳои моливу пулӣ сарфароз гардиданд.
Табрикоти идонаи Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал - майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба самъи ҳайати шахсӣ расонида шуд. Гуфта шуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид. Сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии кишвар шароити арзандаи кориро фароҳам оварда биноҳои маъмурӣ, иншоотҳои хизмативу фароғатӣ бунёд ва кормандони мақомоти милитсия аз ғамхориҳо пайваста бархурдор мешаванд.

582583584

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар соли 2019 зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ биноҳои ШВКД ва Хадамоти давлатии оташнишонӣ, дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии ШБДА ва Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ба истифода доданд, ки боиси рӯҳбаландии ҳайати шахсӣ гардид.
Дар чорабинии мутантан бо фармони ба тасвиб расидаи ВКД ва Раёсати он дар вилояти Суғд дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар кормандон аз ҳавасмандиҳои гуногун, аз ҷумла медалу нишонҳои соҳавӣ, рутбаи навбатӣ, Сипосномаву Ифтихорнома қадршиносӣ шуданд. Дар маҷмуъ 126 нафар кормандони амалии мақомоти милитсияи Суғд аз чунин ҳавасмандиҳо бархурдор шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинии бошукӯҳ аҳли фарҳанг бо дастагули таронаҳои марғуби тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, хушии зиндагӣ, муҳаббат ба Ватан ва сурудҳои дилнишин хотири аҳли нишастро шод гардонида, фазои идонаро ба ҳомиёни назму тартибот фароҳам намуданд.
Илова бар ин, ба муносибати «Рӯзи кормандони милитсия» бо иқдоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба собиқадорон, оилаҳои кормандони фавтида, ҷанговарони интернатсионалист ва иштирокчиёни садамаи Чернобели дар мақомот хизматнамуда мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Қобили қайд аст, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ аз аввали пайдоиш милитсия барои шаҳрвандон мақомоти додрас буд, ҳаст ва мемонад. Барои ҳар як корманди мақомот муҳофизи халқу Ватан будан мояи ифтихору сарбаландӣ аст.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика