Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард ва дучархарон дар садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 6-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 17:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Ҳайдаров Зафар Ҷаъфарович, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Мавлавии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ғоибов Дилшод Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Сомони ҳамин ноҳияро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагард Ғоибов Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 7-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 13:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс-D208", Муродов Мирзо Раҳмонович, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гастелло аз самти кӯчаи Ҳувайдуллоев пойтахт аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Кажеников Олег Викторович, соли таваллудаш 1983, сокини кӯчаи Борбадро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Кажеников О.В. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика