Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳрабардорӣ аз ду нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар Суғд

230

Рӯзи 6-уми ноябр дар вилояти Суғд бо иқдоми шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД дар якҷоягӣ бо ширкати алоқаи мобилии Tcell ва ҳамкории ширкати мусофиркашонии «Рахш-таксӣ» барои саҳм гузоштан дар рушди сайёҳии мамлакат 2 нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 

Ин нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ, ки яке дар назди даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази маъмурии вилоят шаҳри Хуҷанд ва дуюмӣ дар назди гузаргоҳи сарҳадии ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен ҷойгиранд, бо мақсади мусоидат намудан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар хизматрасониҳое чун роҳбаладӣ, истифодаи алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад.

231

Дар маросими ба истифодадиҳии нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ намояндагони милитсияи сайёҳӣ ва ширкатҳо иштирок доштанд. Тавре таъкид шуд сайёҳон бе мамоният метавонанд аз нуқтаҳои мазкур барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас намоянд, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегобайт интернет барои истифода дар давоми 10 рӯз мавҷуд аст.
Ҳамчунин ширкати алоқаи мобилии Tcell дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ алоқаи интернетии Wi-Fi-ро фаъол гардонидааст, ки он низ барои таъмини сайёҳати хотирмони сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Дар нуқтаҳои мазкур аз ҷониби маъмури забондон дархости сайёҳ қабул ва саривақт симкорт дастрас карда мешавад. Инчунин ҳангоми зарурияти истифода аз хизматрасонии роҳбалад аз ҳисоби милитсияи сайёҳӣ ва нақлиёти кирокаш аз ширкати «Рахш–таксӣ» кормандони забондон ба сайёҳ хизмат мерасонанд. Нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар мавзеъҳои намоён ҷой гирифта ба ҳар нафари муроҷиаткунанда дастрас мебошанд.
Бояд зикр намоем, ки таъсиси сохтори хизматии ба талаботи замона мувофиқ - Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ дар МКД иқдоми саривақтии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро буда, таъмини амнияти сайёҳон, роҳбаладии сайёҳон, ба онҳо додани маълумоти зарурӣ, расонидани кӯмак, ҳифзи манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва нисбати онҳо аз самтҳои фаъолияти ин Раёсатро ташкил медиҳад.

232233234

Кушодани нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ бо ташаббуси Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД дар ҳамкорӣ бо ширкати алоқаи мобилии Tcell амалӣ гардид. Ба ин лоиҳа ҳамроҳ шудани ширкати хизматрасонии нақлиётии Рахш имконияти барномаро боз ҳам васеътар сохт.
Ташкили нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ метавонад дар тадбиқи сиёсати давлатӣ, яъне эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика